Ҳаҷми афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли равон 6,4%-ро ташкил хоҳад дод

Ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли равон 6,4%-ро ташкил хоҳад дод . Бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ,  ММД-и Ӯзбекистону Белорус нисбат ба соли гузашта мутаносибан ба андозаи 8,2 ва 8% зиёд хоҳад шуд. Ҳаҷми афзоиши ММД дар кишварҳои дигари узви ИДМ ба тариқи зайл аст: Қазоқистон – 6, Қирғизистон – 5,5, […]


Ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли равон 6,4%-ро ташкил хоҳад дод

.

Бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ,  ММД-и Ӯзбекистону Белорус нисбат ба соли гузашта мутаносибан ба андозаи 8,2 ва 8% зиёд хоҳад шуд. Ҳаҷми афзоиши ММД дар кишварҳои дигари узви ИДМ ба тариқи зайл аст: Қазоқистон – 6, Қирғизистон – 5,5, Арманистон – 5 ва Русияву Украина – 4,6%.

Интизор меравад, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон нисбат ба соли 2011 дар соли оянда ба миқдори – 6,2, Ӯзбекистон – 8, Белорус – 6,5, Қирғизистон – 6, Қазоқистон – 5,8, Украина – 5 ва Озарбойҷон – 3,5% меафзояд.

Соли оянда афзоиши ҳаҷми ММД дар кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 4,5% пешбинӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли 2010 беш аз 24,704 млрд. сомонӣ (зиёда аз 5,6 млрд. $ бо қурби аввали моҳи январи соли 2010)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 6,5% зиёдтар аст. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2009 ҳаҷми ММД-и кишвар ба 20 млрд. 622 млн. сомонӣ баробар буд.

Аввали соли равон Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ пешбинӣ карда буд, ки афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли равон 30,2 млрд сомониро ташкил хоҳад дод. Афзоиши воқеъии ҳаҷми ММД дар сатхи 6,5% ба нақша гирифта шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.