Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни сафари худ ба шаҳру навоҳии Кӯлоб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати болоии оби Тебалай берун аз шаҳри Кўлоб бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди як обанбори бузург ҳусни оғоз бахшид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ин обанбор барои оби боронҳои сел пешбинӣ шуда, ба нафъи мардум истифода хоҳад шуд.
Баландии садди обанбор 45 метр ва паҳноияш 750 метр мешавад. Ин обанбор дар майдони 65-70 га доман паҳн намуда, имкон дорад, ки 14 миллион метри мукааб обро дар худ нигоҳ дорад.
Оянда баробари баҳрабардорӣ қарор гирифтан аз ин обанбор шаҳри Кўлоб бо оби нўшокӣ ва ҳам бо оби кишоварзӣ таъмин гардида мардуми шаҳр аз хатари обхезиҳо эмин мемонанд ва ҳам мушкили таъмини оби нўшокию обёри заминҳои кишт бартараф мешавад.
Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, дар ояндаи наздик шабакаи оби нўшокӣ ва корези шаҳри Кўлоб нав карда мешавад.
Дар ҷараёни сафар сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин аз ноҳияи Мӯъминобод боздид намуда, дар мулоқоту вохӯриҳо бо фаъолон ва аҳолии ноҳия ба суолҳои сершумори онҳо посух гуфт.
Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома дорад.