Табрикоти сарвари давлат ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ин ҷашн, Эмормалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои миллати мо дар остонаи ду аср ба даст овардани истиқлолият падидаи бузурги таърихӣ буда, як қатор рӯйдодҳои тақдирсозро […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт.

Зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ин ҷашн, Эмормалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои миллати мо дар остонаи ду аср ба даст овардани истиқлолият падидаи бузурги таърихӣ буда, як қатор рӯйдодҳои тақдирсозро фаро мегирад ва аз ин рӯ, мо бояд ба онҳо аз нигоҳи дастовардҳои имрӯз баҳо диҳем.

Сарвари давлат таъкид кард, ки аз қадамҳои нахусти ба соҳибистиқлолӣ расидан доираҳои муайяни бадхоҳу кинадор бо истифода аз таҷрибаҳои замони пешин ва воситаҳои санҷидаи худ, ки бар асари он ҳанӯз ҳазор сол қабл давлати бузурги Сомониён барҳам хӯрда буд, Тоҷикистонро тавонистанд ба гирдоби мухолифат, низоъи сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ғӯтавар намоянд.

«Дар натиҷа зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ҳалоку қариб 1 млн. нафар маҷбур шуданд, ки манзили зисти худро тарк карда, зиндагӣ дар ҳиҷратро ихтиёр созанд. Ҷанги таҳмилшуда дар маҷмӯъ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 10 млрд. доллари ИМА хисороти молӣ ба бор овард, – таъкид сохт президент. – Даҳҳо ҳазор манзили сӯхт сӯхтаву валангор ва ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ хароб гардиданд. Хисороти маънавии ҷанги шаҳрвандӣ беҳисоб аст. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарони тоҷик фарзандони худро аз даст дода, даҳҳо ҳазор занону наварӯсон бева монданд ва беш аз 50 ҳазор нафар кӯдакон ятим шуданд».

«Имрӯз аз ин минбари баланд ман бо ҳисси ифтихор ба мардуми Тоҷикистон мегӯям: мо дар ҳамдастагиву ҳамбастагӣ бо ифтихор имтиҳони сангини таърихро паси сар намудем, – изҳор кард Эмомалӣ Раҳмон.

Дар суханронии худ сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки аз соли 1997 то имрӯз ҳаҷми Маҷмӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон тибқи нархҳои амалкунанда ба андозаи 58 маротиба ва афзоиши миёнаи солонаи он дар ҳаҷми зиёда аз 7% афзуда, соли равон тахминан 30 млрд сомониро ташкил хоҳад дод, ки ба ҳар сари аҳолӣ қариб 4000 сомонӣ рост меояд. «Агар соли 1997 ҳаҷми умумии бюҷет ба ҳар як сари аҳолӣ ҳамагӣ 19,8 сомониро ташкил медод, пас соли 2011 он ба 1060 сомонӣ баробар шудааст», – гуфт ӯ.

«Бо ҳисси масъулияту ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо иди пуршукӯҳи миллӣ – 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик мегӯям», – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.