Таҳқиқоти Иттифоқи истеъмолкунандагон оид ба идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ

Date:


Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон натиҷаҳои тадқиқот оид ба муайянсозии сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи ислоҳоти идоракунии биноҳои бисёрхонагиро, ки дар панҷ шаҳри калонтарини Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Чкалов гузаронида шудааст, муаррифӣ мекунад.

Тадқиқотро мутахассисони ин созмон дар доираи лоиҳаи «Пешбарии иштироки шаҳрвандӣ дар ислоҳоти нигоҳдорӣ ва идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ дар шаҳрҳо» анҷом додаанд. Лоиҳаи мазкур  бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, наздик ба 8000 бинои бисёрхонагӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон тӯли 20 соли охир, бинобар иваз гардидани шакли моликият ва тағйир наёфтани сохтори идоракунӣ ва хизматрасонии манзил, ба таври зарурӣ нигоҳдорӣ нашудаанд. Вазъи ногувори биноҳои бисёрхонагӣ ва фаъолияти ғайришаффофи молиявӣ, хоҷагидорӣ, маъмурӣ ва иҷтимоӣ дар нигоҳдории манзилҳои бисёрҳуҷраӣ натиҷаи возеҳи он мебошад. Аз ҷумлаи чунин масоили ҳалталаб – ба кӣ, чӣ андоза ва барои кадом кор бояд маблағ пардохта шавад, то ин ки таҳхонаҳо, бомҳо, даромадгоҳҳо ва қубурҳо саривақт таъмир гарданд.

Моҳи августи соли 2009 Қонуни ҶТ «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил» қабул гардид, ки он бояд вазъи соҳаро комилан тағйир медод, ба муносибатҳои шартномавии бозаргонӣ замина мегузошт ва барои беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекард. Зимнан худи аҳолӣ бояд чун қувваи асосии пешбарандаи ислоҳот ташаббус нишон медод, вале дар маҷмӯъ вазъият бетағйир монд ва меъёрҳои қонун дар амал татбиқ нагардиданд.

Дар ҷараёни тадқиқот 1500 нафар дар 5 шаҳри Тоҷикистон пурсида шуданд. Назарсанҷӣ муайян кард, ки 91%-и пурсидашудагон аз низоми амалкунандаи хизматрасонии манзил қонеъ нестанд. Ҳамзамон 76%-и пурсидашудагон оид ба дигаргуниҳои соҳа иттилоъ надоранд ва 70%-и онҳо фарқи байни фонди манзилии давлатӣ ва хусусиро дарк намекунанд. «Чунин сатҳи пасти огоҳии аҳолӣ заминаи рушди коррупсия ва поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон мегардад», – изҳор медоранд мутахассисони Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар ташкил ва баргузории нишасти хабарӣ Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” мусоидат дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...