Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи радиологии Хадамоти назорати санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он барои санҷиши радиологии маҳсулоти гуногуни ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва оби ошомидании воридотӣ ва содиротӣ пешбинӣ шуда, яке аз шартҳои зарурӣ барои дохил шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо мебошад.
Ғайр аз ин, пас аз таъмири асосӣ озмоишгоҳи санитарӣ-бактериологӣ низ ба истифода дода шуд. Он пурра таҷдид гардида, бо таҷҳизоти компютерии зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст. Арзиши таҷҳизот бо шумули таъминоти барномавӣ ҳудуди 150 ҳазор Евроро ташкил медиҳад.
Мутахассисоне, ки дар озмоишгоҳҳои радиологӣ ва санитарию бактериологӣ фаъолият доранд, дар марказҳои чунин озмоишгоҳҳои Таиланд, Туркия, Русия ва Қазоқистон таҷриба андӯхтаанд.
Ба гуфтаи муовини директори Хадамоти давлатии назорати санитарӣ Наврӯз Ҷаъфаров, ҳукумати ҶТ ва Вазорати тандурустии ҶТ барои тармиму таҷдиди озмоишгоҳҳо маблағи зарурӣ ҷудо кардаанд.