«Тоҷиксемент»: Ҳамаи хоҳишмандонро бо семент таъмин мекунем

Айни замон корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе бо 30%-и иқтидораш кор мекунад. Муовини директори КВД «Тоҷиксемент» Музаффар Ҳакимов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки феълан дар корхона ҳамарӯза то 900 тонна семент истеҳсол карда мешавад. Коҳиши ҳаҷми истеҳсолро номбурда ба ҳаҷми нокофии гази табиӣ марбут медонад. «Тоҷиктрансгаз» ба корхонаи мо дар як […]

Пайрав Чоршанбиев


Айни замон корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе бо 30%-и иқтидораш кор мекунад.

Муовини директори КВД «Тоҷиксемент» Музаффар Ҳакимов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки феълан дар корхона ҳамарӯза то 900 тонна семент истеҳсол карда мешавад. Коҳиши ҳаҷми истеҳсолро номбурда ба ҳаҷми нокофии гази табиӣ марбут медонад.

«Тоҷиктрансгаз» ба корхонаи мо дар як соат 9 ҳазор метри мукааб газ интиқол медиҳад ва ин миқдор сӯзишворӣ танҳо барои кори ду оташдони бузург басанда аст», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, айни замон ҳатто ҳамин миқдор ҳаҷми истеҳсол низ имкон медиҳад, ки тамоми хоҳишмандон дар ҷумҳурӣ бо семент таъмин карда шаванд. «

«Корхона иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва «Сангтӯда-2»-ро пурра бо семент таъмин менамояд», – мегӯяд ӯ.

Муовини директор ҳамчунин иттилоъ дод, ки то ҳанӯз дар корхона оташдони даврзананда, ки бо ангишт кор мекунад, насб нашудааст.

Ба истифода додани оташдони аввалини бо ангишт кормекарда дар «Тоҷиксемент» моҳи июли соли гузашта ба нақша гирифта шуда буд, вале Ҳакимов мегӯяд, бо сабабҳои техникӣ насби он то ҳанӯз мавқуф гузошта шудааст.

Ширкати русиягии «Sofo» (Красноярск) ҳанӯз соли гузашта ба корхона таҷҳизот барои насби оташдони гардишхӯрандаро оварда буд, аммо мутахассиони ширкати «Ҷун-Хао»-и Чин, ки бояд онро насб созанд, то ҳанӯз ба ин кор даст назадаанд. Ҳакимов дар рӯзҳои наздик ба корхона омадани коршиносони чиноиро аз эҳтимол дур намедонад.

КВД «Тоҷиксемент» барои гузаронидани як оташдон аз гази табиӣ ва ангишт қариб 7 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,6 млн. $) маблағ масраф хоҳад кард.

Иқтидори КВД «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як сол аст. Корхона дорои 4 оташдони бузурги гардишхӯранда бо иқтидори истеҳсолии ҳар кадоме 600 тонна дар як сол ва 2 оташдони хурд бо иқтидори истеҳсолии ҳар кадоме 300 тонна семент дар як сол аст.

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сохтмони боз як корхонаи бузурги истеҳсоли семент дар Тоҷикистон шурӯъ гардид, ки иқтидори истеҳсолии он ба 1 млн. тонна дар як сол баробар хоҳад буд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар 6 корхонаи бузургу миёнаи истеҳсоли семент фаъолият доранд.  

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.