Сокинони шаҳру навоҳии Суғд ба кӯмаки пахтакорон сафарбар мешаванд

Сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба кӯмаки пахтакорон сафарбар мешаванд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси вилояти Суғд Мухтор Абдуллоев хабар дод, дар муддати ду рӯз беш аз чор ҳазор нафар кормандони корхонаву муассисаҳо ва дигар сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Исфара, Истаравшану Қайроққум ва Чкаловску Табошар ба ҷамъоварии пахта мебароянд. Онҳо муддати як ҳафта […]

Бахтиёр Валиев


Сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба кӯмаки пахтакорон сафарбар мешаванд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси вилояти Суғд Мухтор Абдуллоев хабар дод, дар муддати ду рӯз беш аз чор ҳазор нафар кормандони корхонаву муассисаҳо ва дигар сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Исфара, Истаравшану Қайроққум ва Чкаловску Табошар ба ҷамъоварии пахта мебароянд. Онҳо муддати як ҳафта пахта ҷамъоварӣ намуда, сипас онҳоро дигарон иваз менамоянд.

Даар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи равон ба ҷуз сокинони шаҳр, сокинони ноҳияҳои вилоят низ ба кӯмаки кишоварзон сафарбар мегарданд. «Айни замон дар майдонҳо 36 ҳазор нафар деҳқонон ба ғунучини ҳосили пунбадона машғуланд ва мақомоти раҳбарии вилоят супориш дод, ки шумори онҳо ду баробар зиёд карда шавад», – гуфт котиби матбуотӣ.

Соли равон дар вилояти Суғд ҷамъоварии 105 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Соли равон дар майдони 65,4 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд, ки нисбат ба соли гузашта 11 ҳазор гектар зиёд аст. Соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 92 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, нақшаи пешбинишуда ба андозаи 2% барзиёд иҷро шуд.

Соли равон пунбадона зудтар ба ҳосил даромад ва аз ин рӯ, аллакай як қатор хоҷагиҳои пахтакорӣ аз иҷрои нақша мужда расониданд. Айни замон дар майдонҳои ноҳияи Зафаробод якчанд комбайни пахтағундорӣ кор карда, дар дигар манотиқи вилоят пахта ба таври дастӣ ҷамъоварӣ мегардад.

Аз сарчашмаҳои салоҳиятдор маълум шуд, ки соли равон ҷалби донишҷӯёни макотиби олии вилояти Суғд ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта пешбинӣ нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.