БҶ: Натиҷаҳои ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» тобистони соли оянда омода мегардад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.  Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло барои дастгирии рушди […]

Asia-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло барои дастгирии рушди босуботи Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи гуногун бо маблағи умумии 220 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад. Дар зарфи 12 моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 38 миллион доллари амрикоӣ грантҳои Бонки ҷаҳонӣ ҷудо гардидааст. Минбаъд ҳаҷми солонаи грантҳои ин бонк то 58 миллион доллари амрикоӣ афзун мегардад.

 Тавре зикр гардид, ин маблағҳо асосан ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, обу энергетика, маорифу тандурустӣ ва дастгирии бахши хусусию сохторҳои идораи маҳаллӣ равона мегарданд.

 Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар омўзиши иқтисодӣ-техникӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир гардид. Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаҳои ташхиси пурраи ин лоиҳа тобистони соли оянда пешниҳод хоҳад шуд.

 Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба нақшаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи КАСА – 1000 сурат гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки масоили вобаста ба ин лоиҳа ҳафтаи оянда бо намояндагони чор давлати манфиатдор – Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар шаҳри Бишкек баррасӣ хоҳад шуд.

 Ба гуфти Теодор Алерс, дар сурати розигии 4 давлати мазкур, Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки ин лоиҳаро дастгирӣ намуда, барои татбиқи он маблағ ҳам ҷудо намояд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки «Тоҷикистону Қирғизистон бе бунёди нерўгоҳҳои нав, ҳоло ҳам имкон доранд, ки дар фасли тобистон ба воситаи ин хат ба Афғонистону Покистон нерўи барқ интитқол диҳанд, аз ин хотир бунёди он бояд оғоз ёбад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.