Cоли равон суръати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи на кам аз 6% таъмин мегардад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурўҳи ваколатдори Хазинаи Байналмилалии Асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аз раванди чунин ҳамкорӣ ва рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки сарфи назар аз омилҳои манфии беруна, […]

Asia-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурўҳи ваколатдори Хазинаи Байналмилалии Асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Аз раванди чунин ҳамкорӣ ва рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки сарфи назар аз омилҳои манфии беруна, аз ҷумла болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ, таъмин мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар натиҷаи татбиқи босамари сиёсати андоз ва пулию қарзӣ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2011 дар сатҳи на кам аз 6% таъмин гардида, сатҳи таваррум низ қаноатбахш боқӣ мемонад.

 Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.