Тӯҳфаи раиси вилояти Суғд ба сокинони деҳаи наздимарзии Сарвақи ноҳияи Ашт

Дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба деҳаи Сарвақи болои ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт  сафари корӣ анҷом дод.  Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов зимни вохӯрӣ бо аҳолии деҳаи Сарвақ  оид ба […]

Asia-Plus


Дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба деҳаи Сарвақи болои ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт  сафари корӣ анҷом дод. 

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов зимни вохӯрӣ бо аҳолии деҳаи Сарвақ  оид ба дастовардҳои даврони Истиқлол, шароитҳои мавҷудаи иқтисодию иҷтимоии вилояту ҷумҳурӣ баромад намуда, аҳолиро ба накӯкориву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ба сокинони ноҳия маводи озуқаворию маишӣ, ба монанди 5,5 тонна орд, 550 кг равған, намак, доруворӣ, китоб, дафтар, рӯзномаю маҷаллаҳо ва дару тиреза, ки аз ҷониби Раиси вилоят бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфа шудааст, дастрас гардид.

Зимнан зикр гардид, ки муаммоҳое, ки дар деҳаи Сарвақ ҳаст, то имрӯз аз ҷониби масъулин мавриди иҷроиш қарор гирифта, аз ҷумла, мактаби деҳа ба 10 сола иваз карда шуда бо, 2 адад компютер ва лавозимотҳои хониш таъмин карда шуд. Ҳамчунин бинои бунгоҳи тиббии деҳа таъмир шуда истодааст.

Ҳоло дар деҳа муаммоҳои рафту омади аҳолии деҳа ба ноҳияи Ашт, таъмирталаб будани мактаб ва бунгоҳи тиббӣ, дар мағоза набудани маводи хӯрокворӣ, гузаштан аз сарҳади давлатӣ, ворид намудани молу маҳсулоти ҳаррӯза, чаронидани чорво ҷой доранд, ки дар ҳалли саривақтии онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳо амалӣ месозад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.