Дар Тоҷикистон тайи 19 сол беш аз 830 нафар аз мина осеб диданд

Date:


Шурӯъ аз соли 1992 дар ноҳияҳои наздимарзӣ бо Афғонистон, Ӯзбекистон ва маҳаллаҳои аҳолинишини наздик ба тамрингоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 831 нафар шаҳрвандон аз таркиши минаҳо осеб диданд, ки 364 нафар аз онҳо дар ҷойи ҳодиса ё аз ҷароҳатҳои бардошта аз таркиши мина дар бемористонҳо ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора дар семинари ифтитоҳшуда таҳти унвони «Эҳтиёт шав, мина!» дар Кумитаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маълумот дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози Барномаи огаҳсозии аҳолӣ дар бораи хатари минаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Занҷирбек Карамов хабар дод, ба кори семинар фаъолон ва ихтиёриёни Ҷамъият аз ноҳияҳои Фархор, Шӯрообод ва Ҳамадонӣ даъват шудаанд, ки бо Афғонистон ҳаммарзанду дар ин ин минтақа хатари таркиши мина бештар вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Барномаи зикршудаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчунин ноҳияҳои Панҷ, Ҷиликӯл, Шаҳритӯс ва ҳамчунин 6 ноҳияи вилояти Суғду водии Раштро низ дар бар мегирад.

З.Карамов қайд кард, ки дар маҳаллаҳои аҳолинишин мунтазам ихтиёриён бо аҳолӣ кор мекунанд. Як маротиба дар муддати 2-3 моҳ барои онҳо ва фаъолони Ҷамъият аз ноҳияҳо семинарҳои омӯзишиву маърифатӣ гузаронида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...