Раиси БМТ: Имкони табдили рубли русӣ ба асъори захиравӣ дар миқёси ҷаҳон бузург аст

Date:


Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигорони ОИ «Азия-Плюс» раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар робита ба масъалаи изҳороти Русия дар мавриди барқарор кардани мақоми рубли русӣ дар қаламрави собиқ шӯравӣ изҳор дошт, ки ӯ имкони татбиқи муваффақонаи нақшаи ташкили минтақаи рублро баланд арзёбӣ менамояд.




«Албатта, ин ба имконот ва мизони омодагии иқтисоди Русия марбут аст, зеро барои муваффақ гаштан ба мақоми асъори захиравии байнулмилалӣ иқтисоди устувору мутараққӣ зарур аст», – гуфт ӯ.



Қобили зикр аст аст, ки айни замон ҳиссаи рубли русӣ дар ҳаҷми умумии маблағҳои интиқолӣ ба Тоҷикистон 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, бо мақсади афзоиши захираҳои байнулмилалии худ Тоҷикистон соли равон дар бозори байнибонкии асъор беш аз 1 млрд. рубли русӣ харидорӣ кард.



Ш.Раҳимзода мегӯяд, мавҷудияти асъори минтақавии усутувор ба ҳамаи ширкаткунандагони тиҷорати байнулмилалӣ имкон фароҳам месозад, ки аз тиҷорати мутақобила фоида ба даст оварда, хавфи мавҷудаи ноустувории асъори дигарро коҳиш диҳанд.



Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябр Русия ва Белорус дар мавриди гузаштан ба рубли русӣ зимни ҳисоббаробаркунӣ барои пардохти нафту газ тавофуқ ҳосил карданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...