Сафири Британияи Кабир дар Афғонистон ба Душанбе ташриф овард

Рӯзҳои 1- 3-уми октябри соли ҷорӣ  ҷаноби Вилям Пэти, Сафири Британияи Кабир дар Афғонистон  ба Душанбе ташриф овард. Дар ин сафар Ҷаноби Вилям Пэтиро ду намояндаи сафоратхонаи Британияи Кабир дар Кобул низ ҳамроҳӣ намуданд. Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи барномаи хеш ҷаноби Вилям Пэти бо  Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии […]

Asia-Plus


Рӯзҳои 1- 3-уми октябри соли ҷорӣ  ҷаноби Вилям Пэти, Сафири Британияи Кабир дар Афғонистон  ба Душанбе ташриф овард. Дар ин сафар Ҷаноби Вилям Пэтиро ду намояндаи сафоратхонаи Британияи Кабир дар Кобул низ ҳамроҳӣ намуданд.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи барномаи хеш ҷаноби Вилям Пэти бо  Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, генерал Рамил Нодиров, муовини аввали Вазири дифоъ ва шахсони масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Ҷаноби Вилям Пэти ҳамчунин бо Волоҳазрат Абдулғафур Орзу, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва бо намояндагони ҷомеъаи байналмилалӣ оид ба рушд низ вохӯрӣ доир намуд.  Ӯро ҳангоми ин мулоқотҳо Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Тревор Мур ҳамроҳӣ кард.

Мақсади ташрифи ҷаноби Вилям Пэти  ин шиносоӣ бо сиёсати ояндаи Тоҷикистон оид ба Афғонистон  буд. Дар доираи ташрифи хеш ҷаноби Вилям Пэти  ҳамчунин оид ба сиёсати Британияи Кабир  дар  Афғонистон  ва дар робита бо дигар кишварҳои минтақа низ сӯҳбат намуд.  Тарафайн  иқрор шуданд, ки таваҷҷӯҳи зиёде баҳри  барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон  ва дар саросари минтақа доранд. Онҳо ҳамчунин  ба қароре омаданд, ки  муҳокимаи муфассали мавзӯи мазкурро дар оянда низ идома хоҳанд дод.

Ҷаноби Вилям Пэти KCMG (санаи таваллуд 11июли  соли 1953) Сафири ҳозираи Британияи Кабир дар Афғонистон мебошад. Ӯ пеш аз  ба ҳайси сафири Британия Кабир дар Судон, Ироқ ва Арабистони Саудӣ фаъолият намудааст. Ӯ соли 1975 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба кор шурӯъ мекунад. Солҳои  1977-1978  ӯ дар Маркази омӯзиши Шарқи Наздик  (MECAS) таҳсил намудааст. Аз соли  2002 то соли 2005 ӯ дар вазифаи сафири Британия дар Судон фаълият намудааст.  Солҳои 2005-2006 ӯ  сафири кишвари хеш дар Ироқ буд ва аз соли  2006 то 2009 дар ин вазифа дар Арабистони Саудӣ кор кардааст. Ӯ моҳи маи соли 2010 ба ҳайси сафири Британия дар Афғонистон таъин гардидааст.  

Ӯ соли 1978 бо хонум Ванесса Корел издивоҷ намуд. Онҳо соҳиби 2 писар ҳастанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.