Мусодираи миқдори зиёди нашъа дар минтақаи ҷануби кишвар

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухаддири афюн ва гурӯҳи каннабис мусодира гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар натиҷаи як амалиёти муваффақона ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини маҳаллӣ К.В. боздошт шудааст. «Зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи Mersedes, таҳти идораи боздоштшуда қарор дошт, […]

Наргис Ҳамробоева


Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухаддири афюн ва гурӯҳи каннабис мусодира гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар натиҷаи як амалиёти муваффақона ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини маҳаллӣ К.В. боздошт шудааст.

«Зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи Mersedes, таҳти идораи боздоштшуда қарор дошт, кормандони милиса бастаҳои дорои ҳудуди 27 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва 7 кило афюнро дарёфт ва мусодира намуданд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда ҳудуди 34 килоро ташкил додаст. «Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад», – афзуд сарчашма.

Дар зарфи 8 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 152 кило маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 31,5% бештар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.