Сафари Ҳамрохон Зарифӣ ба Давлати Қувайт

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ баҳри иштирок дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё, ки 10-11 октябри 2011 барпо мегардад, озими Давлати Кувайт шуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, баргузории 11-ум ҷаласаи ШВКХ Муколамаи ҳамкории Осиё соли 2012 дар […]

Asia-Plus


Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ баҳри иштирок дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё, ки 10-11 октябри 2011 барпо мегардад, озими Давлати Кувайт шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, баргузории 11-ум ҷаласаи ШВКХ Муколамаи ҳамкории Осиё соли 2012 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

 Муколамаи ҳамкории Осиё моҳи июни соли 2002 бо ташаббуси Таиланд оғоз ёфт, ки дар чаҳорчӯби он 1-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиё баргузор гардид. Он аз ҷониби 18 кишвари осиёӣ таъсис дода шуда, дар ҳоли ҳозир аз 31 кишвари узв иборат аст. Муколамаи ҳамкории Осиё форуми аввалини умумиосиёии хос мебошад, ки мақсади он муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, биотехнологияҳо, сайёҳӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, ҳамкории молиявӣ ва ғайра; пешбурди вобастагии мутақобила миёни кишварҳои Осиё дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ; тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё; таҳкими иродаи сиёсии ҳукуматҳои осиёӣ дар арсаи байналмилалӣ; дарёфти роҳҳои тақвияти ҳамбастагии кишварҳои Осиё ва имкониятҳо барои таҳияи усулҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои мухталиф; муттаҳидсозии иқтидорҳои кишварҳои Осиё ва густариши рақобати иқтисодии қитъаи Осиё дар бозори ҷаҳонӣ тавассути афзоиши максималии танаввӯъ ва бойигарии захираҳои он мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муколамаи ҳамкории Осиё 5 июни соли 2006 ҳамроҳ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.