Дар шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти Суғд ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои идона баргузор шуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, тантанаҳои идона субҳ бо гузашти низомии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд ва роҳпаймоии ҷомеаҳои меҳнатӣ, ҷавонон, хонандагону донишҷӯён, коркунони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфтанд.
Ба иттилои манбаъ, расо соати 10.00 ба минбар Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов, дигар роҳбарони вилояту шаҳр баромаданд.
Таҳти садои мусиқии нафасӣ ба майдон дар мошини болокушод сардори гарнизони Суғд генерал-майор Аъзам Қосимов ворид шуд. Фармондеҳи парад полковник Ғуломов ба ӯ аз омодагии парад рапорт дод. Генерал-майор Аъзам Қосимов ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят аз ҳолати ҳозирбоши ҳайати шахсии гарнизони Суғд ба паради ҳарбӣ гузориш дод. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танин андохт.
Зикр гардид, ки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода суханронӣ намуда, тамоми мардуми шарифи вилоят ва саросари ҷумҳуриро бо ҷашни истиқлол табрику таҳният гуфт.
Паради ҳарбӣ оғоз ёфт. Аз назди минбар бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байрақҳои қисмҳои ҳарбии муқими вилояти Суғди вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамзании устувор афсарону аскарон, ҳамчунин мотосиклронҳову картингчиёни наврас гузаштанд.
Роҳпаймоии идона бо намоиши театриконидаи ҷомеаи эҷодии театри тамошобини наврас ва баромади варзишгарони ҷавон, ки байнашон чемпионҳову ғолибони мусобиқоти байналхалқӣ, осиёимарказиву ҷумҳуриявӣ кам нестанд, оғоз гардид.
Насли ҷавон бо Парчами давлатии 500-метраи Ҷумхурии Тоҷикистон аз назди минбар гузашт.
Намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои нақлиётӣ, ташкилотҳои бинокорӣ аз майдон гузашта, дастовардҳои худро намоиш доданд.
Аз назди минбар хонандагону омӯзгорони мактабу гимназия ва литсейҳо, донишҷӯён ва устодони макотиби олӣ ва миёнаи махсус, кормандони фарҳанг, нигаҳдории тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ – кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд гузаштанд.
Бо анҷоми намоиши идона чорабиниҳои мухталифи оммавию – фарҳангӣ, дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва «Наврӯзгоҳ» бошад, сайругашти оммавӣ барпо шуданд.
Устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи Суғд барномаи калони идонаи консертӣ омода карда, онро шомгоҳон дар назди фаввораҳои рангаи мусиқии майдони навбунёди ба номи Исмоили Сомонӣ ба шаҳриён ва меҳмонони маркази вилоят пешкаш намуданд.