Омбудсменҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Date:


Рӯзҳои 12-13-уми октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсменҳо)-и минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ин вохӯрӣ семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи Принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад.

Дар ҷараёни семинар масоили рушди низоми миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар минтақа, талаботи асосӣ ба Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи Принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон бо СММ, Сохторҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегиранд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Идораи Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, Дафтар оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо созмон дода шудааст.

Дар вохӯрӣ Роҳбари Департаменти Идораи Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ оид ба Амрико, Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Намояндаи минтақавии Идораи Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар Осиёи Марказӣ, муовини Сардори шӯъбаи Институтҳои миллӣ ва механизмҳои минтақавии Идораи Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷ умҳурии Қирғизистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Муғулистон, Роҳбари Департаменти Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Роҳбари Департамент оид ба пешгирӣ ва мониторинги Идораи ҳуқуқи инсони Гурҷистон ва дигар шахсони расмӣ аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок менамоянд.

 


Акс аз lifedn.ru 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related