Тӯҳфаҳои раиси вилоят ба пахтакорони пешқадами ноҳияи Конибодом

Date:


Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ намуда, бо меҳнаткашони шаҳр, пахтакорони меҳнатқарин мулоқот намуд ва дар маъракаи кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо иштирок намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Қоҳир Расулзода дар тантанаи кишоварзони ноҳия, ки дар бошишгоҳи саҳроии бригадаи рақами 11-и хоҷагии деҳқонии ба номи Энаҷон Бойматова баргузор гардид, иштирок намуда, пахтакорони шаҳрро барои ғалабаи меҳнатӣ, таъмини саривақтии нақшаи солона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  табрику муборакбод намуда, барояшон сарбаландию сиҳатмандӣ таманно намуд. Зикр бояд намуд, ки кишоварзони меҳнатқарини шаҳр соли дуввум аст, ки аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ баромада, соҳиби обрӯю эътибор мегарданд.

Зикр бояд намуд, ки то ба имрӯз кишоварзони шаҳр дар майдони 7 226 гектар пумбадона кишт намуда, ба хирмани «тиллои сафед»-и вилоят зиёда аз 13,3 ҳазор тонна пахта супориданд, ки ин 106,9 фоизи нақшаи солонаро  ташкил медиҳад.

Раиси вилоят дар вазъияти мутантан ба пешқадамони маъракаи ҳосилғундорӣ, аз ҷумла ба раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Эралӣ Маҳмудов, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Ирам” Раҳимбой Акрамов, ба механизаторон Ҳамроҳбой Ҳоҷиев аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Ҷаҳонгир Толибов аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Канди кӯҳан”, ба чинакчиёни пешқадам Малика Расулҷонова аз хоҷагии деҳқонии ба номи Исоев ва Гулсара Абдусамадова аз хоҷагии деҳқонии Нозимсаркор тӯҳфаҳои арзанда – мошини сабукрав, телевизор ва мошини дарздӯзӣ тӯҳфа намуд.

Ҳамчунин аз номи Раиси вилоят ба идораи маорифи шаҳр 10 адад компютер ва 2 адад принтер тақдим гардид.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...