Боздошти як сарбози фирории мусаллаҳ дар минтақаи ҷануби кишвар

Date:


Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон кормандони милиса як сарбози фирории мусаллаҳ – хизматчии ҳарбии қисми низомии 29131-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии мустақар дар ноҳияи Шӯроободро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи милисаи ҷамоати Даштиҷуми шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод Ниёзмад Зарифов хабар дод, ин сарбоз ду рӯз қабл ҳангоми баргузории тамринҳои низомӣ бедарак шудааст.

«Ҳангоме ки ҳамсафони сарбози бедаракшуда ӯро дар гирду атрофи макони баргузории тамрин ва кӯҳҳои наздик ҷустуҷӯ мекарданд, нозири минтақавӣ, лейтенанти милиса Умед Сатторов сарбозро дар яке аз манзилҳои зисти рустои Хели говара боздошт кард», – афзуд Зарифов. Сарбози фирорӣ бо аслиҳааш ба ихтиёри қисми низомӣ супурда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...