Баррасии масъалаи анҷоми пурраи сохтмони нақби «Истиқлол»

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика, иқтисод, маориф ва фарҳанг, аз ҷумла, ба анҷом расонидани сохтмони нақби мошингузари «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб, суръат бахшидан […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика, иқтисод, маориф ва фарҳанг, аз ҷумла, ба анҷом расонидани сохтмони нақби мошингузари «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-2 мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мусоҳибон ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯзро, ки моҳи марти соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ намуданд.

 Дар фарҷоми мулоқот сафири Эрон ба вазир нусхаҳо аз силсилакитобҳои «Баёзи адабиёт»-ро тақдим кард, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чоп расидаанд. А. Шеърдӯст хабар дод, ки китобҳои мазкур ба теъдоди 200 ҳазор нусха аз чоп баромада, барои синфҳои 8, 9, 10 ва 11 мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ пешбинӣ гардидаанд ва дар рӯзҳои наздик ба Вазорати маорифи Тоҷикистон супорида хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.