Интихоби раиси ҲНИТ ба ҳайси яке аз муовинони комиссияи Маҷмаъи бедории исломӣ

Date:


Чанде қабл дар шаҳри Теҳрон нишасти аввалини Шўрои машваратии Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ (МҶБИ) баргузор гардид, ки дар кори он раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ ширкат намуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри ҳамин сол бо ширкати беш аз 800 нафар андешамандону сиёсатмадорон ва шахсиятҳои саршиноси саросари ҷаҳон дар Теҳрон ҳамоиши чашмгире баргузор гардид ва ширкатдорони он ба ин қарор расиданд, ки созмонеро бо номи Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ (МҶБИ) таъсис бидиҳанд. Ва ҳамин тариқ Алиакбар Вилоятӣ, мушовири байналмиллалии Раҳбари ҶИИ ва собиқ вазири хориҷии ин кишвар, дабири кулли ин созмон интихоб гардид.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, пас аз ду моҳ, яъне 19-ми ноябр, аввалин шўрои машваратии ин созмони байналмиллалӣ даъват шуд, то масоили ташкилӣ ва сохтории онро баррасӣ намуда, тасмимҳои лозимаро бигирад. Бо пешниходи дабирхонаи МҶБИ, 25 нафар аз шахсиятҳо ба намояндагӣ аз миллату кишварҳои ҷаҳон тайи ду рўз лоиҳаи сохтор ва санадҳоро таҳия намуданд, ки барои омўзиш ва такмил дар ихтиёри аъзои созмон қарор хоҳанд гирифт. Тибқи фармудаи лоиҳаҳо, МҶБИ дар ду сол як маротиба ва маҷлиси шўрои он дар ҳар 6 моҳ як маротиба гирдиҳам меоянд. Маҷлиси шўрои МҶБИ аз 30 чеҳраи маъруфи ҷаҳони Ислом интихоб мешаванд, ки намояндагии тамоми минтақа ва миллатҳоро хоҳанд дошт.

Аъзои шўрои машваратӣ ду комиссияи тахассусиро ташкил доданд, ки яке масъулияти муъайян кардани сохтор ва ҳадафҳои созмонро дорад ва дигаре масъули омода кардани барномаҳои иҷроии онро. Муҳиддин Кабирӣ, муъовини раиси комиссияи аввалӣ интихоб гардид, ки роҳбарии онро шайх Қосим Наъим, муъовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба уҳда дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related