Маҷлиси ботантана ба ифтихори ҷашни Сарқонун дар Қӯрғонтеппа

Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки кормандони корхона ва ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят ба ифтихори 17-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана доир гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар маҷлис Раиси вилояти Хатлон, мардуми вилоятро бо фарорасии ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, оид ба афзалиятҳои Конститутсияи (Сарқонуни) […]


Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки кормандони корхона ва ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят ба ифтихори 17-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана доир гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар маҷлис Раиси вилояти Хатлон, мардуми вилоятро бо фарорасии ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, оид ба афзалиятҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки ҳадафи асосии давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ буда, таъмини волоияти қонун, амнияти ҷомеа, таҳкими музаффариятҳои истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои умумимиллӣ ва давлат, ҳамчунин пайваста ташаккул додани бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, ки дар самти ноил шудан ба ин ҳадафҳо нақши Конститутсия муҳим ва таҳкимбахш аст.

Барномаи рангини ҳунарии ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, ки бахшида ба ин санаи фархунда омода гардида буд, зиннатбахши чорабинии мазкур гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.