Муҳоҷирон дар Душанбе соҳиби патенти кор дар Русия мешаванд

Дар қароргоҳи Хадамоти муҳоҷирати Русия мулоқоти директори хадамоти мазкур Константин Ромодановский ва сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вазъи кунунии будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ҳамкории мутақобилаи ҳарду мақомот ҷиҳати амалисозии чораҳо барои роҳандозии механизмҳои пешгирӣ ва кам кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи […]


Дар қароргоҳи Хадамоти муҳоҷирати Русия мулоқоти директори хадамоти мазкур Константин Ромодановский ва сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вазъи кунунии будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ҳамкории мутақобилаи ҳарду мақомот ҷиҳати амалисозии чораҳо барои роҳандозии механизмҳои пешгирӣ ва кам кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи амалисозии барномаҳои омӯзиши забони русӣ ва роҳандозии низоми муоинаи тиббии муҳоҷирон табодули афкор намуда, оид ба ин масоил пешниҳодоти мушаххаси худро иброз намуданд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон, К.Ромодановский изҳор кардааст, ки хадамоти тобеъи ӯ дар фурсати наздиктарин ба амалисозии лоиҳаи санҷишӣ оид ба додани патентҳо ба муҳоҷирон барои кор дар Русия дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ мекунад.

Ин лоиҳа дар ҳамкории ду хадамот амалӣ гардида, дар марҳилаи аввал ба минтақаи шаҳру вилояти Маскав нигаронида мешавад. Навоварии мазкур хароҷот ва вақти муҳоҷирони корӣ барои омодасозии ҳуҷҷатҳоро сарфа менамояд.

Бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ (ҳамчунин пардохтварақа (квитансия) дар бораи пардохти маблағи боҷ дар филиалҳои Бонки амонатгузории Русия дар Тоҷикистон) тавассути Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Хадамоти муҳоҷирати Русия фиристода мешавад. Дар навбати худ, Хадамоти муҳоҷирати Русия пас аз таҳияву барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, патентро ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ирсол мекунад.

Ҳамин тариқ, муҳоҷирони кории тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки ҳанӯз дар ватан будубоши қонунии худро ба расмият дароранд ва ба Маскав омада, патент барои корро соҳиб шаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Хадамоти муҳоҷирати Русия омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №66-и шаҳри Душанберо, ки ба муҳоҷирони кории тоҷик касбҳои бозоргир дар Русияро меомӯзад, ба таври иловагӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳад кард.

Сафиалло Девонаев ба Константин Ромадановский дар бораи пешниҳодоти мушаххаси намояндагони диаспораҳои тоҷик дар Русия, ки рӯзи 3-юми декабр дар мулоқот бо онҳо дар шаҳри Маскав садо дод, маълумот дод. Ин пешниҳодот масоили механизми сертификатсиякунонии натиҷаҳои санҷиш (тест)-и донистани забони русӣ, таъсиси марказҳои муҳоҷиратро дар бар мегирифтанд, ки ба муҳоҷирон тамоми маҷмӯи хизматгузориҳо, аз ҷумла бимаи тиббии онҳо ва ғайраро таъмин мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.