Вакили парлумон: Интихобот ба Думаи давлатии Русия комилан демократӣ буд

Date:


Маъракаи интихоби вакилон ба Думаи давлатии Русия дар вазъи орому осоишта ҷараён гирифта, ҳеҷ як қонуншикании дағалу ҷиддии муқаррароти қонунгузории интихоботии Русия сабт нашуд. Чунин баҳо дод ба маъракаи интихоботи парлумонии зикршуда дар Русия вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Галия Рабиева, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Русия аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ  ба сифати нозири байнулмилалӣ сабт гардида буд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангомаҳои бардоштаи як қатор ВАО-и Русия атрофи интихобот умуман асоси воқеӣ надоранд. «Мушкили асосии маъракаи интихоботии мазкур сатҳи пасти ҳозир шудани инихобкунандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ буд. Ба фикри ман, ин гувоҳи он аст, ки ҳудуди 40%-и интихобкунандагони ҳозирнашуда ба ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ эътимод надоранд ё сиёсат барои онҳо дигар ҳеҷ эътиборе надорад», – гуфт вай.

Г. Рабиева гуфт, камбудиҳое, ки ба мақомот нозирони байнулмилалӣ пешниҳод карданд, ба масоили техникии баргузории интихобот рабт дошт. «Масалан, нозирон аз Канадаву Фаронса бинои хурд барои овоздиҳӣ, нодуруст гузоштани қуттиҳои овоздиҳӣ ва ғайраро ҳамчун камбуд унвон карданд», – таъкид сохт вакил.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихобот ба Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия ҳамаи 7 ҳизбҳои сиёсии кишвар ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти ахири Комиссияи марказии интихоботи Русия, дар Думаи Давлатии даъвати шашум чор ҳизби сиёсӣ соҳиби курсӣ шуданд. Ҳамин тариқ, ҳизби «Единая Россия» ба 238 ҷой, Ҳизби коммунисти Русия – 92, «Справедливая Россия» – 64 ва Ҳизби либерал-демократии Русия ба 56 курсии парлумонӣ соҳиб шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....