Истеъфои се нафар сенаторони тоҷик

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, исеъфои се узви маҷлис пазируфта шуд. Бо дархости шахсии аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, собиқ раисони шаҳри Истаравшан Муним Холиқов, ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров ваколатҳои доштаи онҳо […]

Аваз Юлдошев


Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, исеъфои се узви маҷлис пазируфта шуд.

Бо дархости шахсии аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, собиқ раисони шаҳри Истаравшан Муним Холиқов, ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров ваколатҳои доштаи онҳо ҳамчун аъзои палатаи болоии парлумони кишвар бекор карда шуданд.

Ҳамин тариқ, дар палатаи болоии парлумони кишвар аз 34 курсӣ 4 курсӣ холӣ шуд. Нимаи аввали соли равон бинобар сабаби марги бемаҳали раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов ваколатҳои ӯ низ чун узви ММ МО ҶТ бекор карда шуда буданд.

Аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тариқи ғайримустақим интихоб карда мешаванд, зеро 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихобкунандагон – вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда, 8 нафари дигарро бо фармони худ президенти Тоҷикистон таъин менамояд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон ба якумр узви Маҷлими миллӣ будан ҳуқуқ доранд. Дар даъвати феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.