Баррасии лоиҳаҳои як қатор қонунҳо дар ҷаласаи Шӯрои парлумон

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 19 декабр, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» баррасӣ гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯрои ин мақоми олии қонунгузори мамлакат ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 19 декабр, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» баррасӣ гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯрои ин мақоми олии қонунгузори мамлакат ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаҳо дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» – ро баррасӣ карданд.

Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридшуда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов ва дигар аъзои Шӯро суханронӣ намуда, дар бораи ҳадафу мақсадҳои пешниҳоди ин лоиҳаҳо андешаҳои хешро иброз доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.