Рӯзи истироҳати гузашта дар шаҳри Кӯлоб маросими ба хок супурдани ду сокини шаҳр баргузор шуд, ки бар асари аз меъёр зиёд истеъмол кардани маводи мухаддир фавтиданд.
Маълум шуд, ки ду тан аз истеъмолгарони маводи мухаддир тавассути сӯзандору дар як манзили хусусӣ ба анҷом додани корҳои сохтмонии дохили хона фармоиш гирифтаанд. Бо соҳибманзил мӯҳлати анҷоми корҳоро муайян карда, шабро дар ҳамон манзил рӯз мекардаанд.
Ҳангоме ки субҳгоҳон соҳибманзил масолеҳи зарурии сохтмониро меорад, як коргар аллакай ҳалок шуда будааст. Ҳарчанд дуввумиро саривақт ба беморхона оварда бошанд ҳам, ба табибон муяссар нашудааст, ки ӯро наҷот диҳанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, ҳар сол дар шаҳр аз 2 то 4 ҳодисаҳои марг бар асари аз меъёр зиёд истеъмол намудани маводи мухаддир ба қайд гирифта мешаванд.


