Нигаронии Ҳамрохон Зарифӣ аз вазъи маҳаллаи Андараки вилояти Боткен

Чанде қабл гуфтугӯйи телефонии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбаев баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбати телефонӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди моҷарое, ки дар маҳаллаи Андараки ноҳияи Лайлаки вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон шаби 29 ба 30 […]

ASIA-Plus


Чанде қабл гуфтугӯйи телефонии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбаев баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбати телефонӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди моҷарое, ки дар маҳаллаи Андараки ноҳияи Лайлаки вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон шаби 29 ба 30 декабр миёни тоҷиктаборон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, ва шаҳрвандони қирғизе, ки сокинони ин маҳалла ҳастанд, ба вуқӯъ пайваст, нигаронии худро изҳор намуд.

 Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҳамрохон Зарифиро иттилоъ дод, ки задухӯрд дар заминаи маишӣ рух дода, ҳеҷ сабаби сиёсӣ ва ё байниэтникӣ надорад. Тибқи гуфтаҳои ӯ, ҳоло вазъият пурра таҳти назорати Ҳукумати Қирғизистон ва маъмуриятҳои ноҳияи Лайлак ва вилояти Боткен қарор дорад. Ӯ инчунин қайд кард, ки оид ба моҷарои мазкур мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.