Ҷойивазкунии кадрҳо дар ВКД Тоҷикистон

Дар сохтори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд, ки бештар ба ҷойивазкунии анъанавӣ монандӣ доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, собиқ сардори Раёсати ҷустуҷӯйи ҷиноии ВКД Нурулло Орифов ба вазифаи муовини аввали вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд. Сардори ситоди ВКД ҶТ Тоҳир Норматов аз ин вазифа […]

ASIA-Plus


Дар сохтори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд, ки бештар ба ҷойивазкунии анъанавӣ монандӣ доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, собиқ сардори Раёсати ҷустуҷӯйи ҷиноии ВКД Нурулло Орифов ба вазифаи муовини аввали вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд.

Сардори ситоди ВКД ҶТ Тоҳир Норматов аз ин вазифа озод гардида, ба мансаби сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалӣ таъин карда шуд. Собиқ роҳбари дастгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ Икром Умаров ба ин мансаб таъин гардид.

Ғайр аз ин, муовини вазири корҳои дохилӣ Анвар Тағоймуродов аз мансаб озод ва ба вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таъин карда шуд. Ба ҷойи ӯ собиқ сардори РКД-и шаҳри Душанбе Шералӣ Сабзов ба вазифаи муовини вазир таъин карда шуд.

Собиқ сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков ба мансаби сардори РКД-и шаҳри Душанбе таъин гардид.

Сардори Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ Мансур Бухориев сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат таъин гардид. Кӣ курсии ӯро соҳиб мешавад, ҳанӯз маълум нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.