Гузаргоҳҳои гумрукии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон то ҳанӯз бастаанд

Date:


Айни замон 9 гузаргоҳи гумрукӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондаанд.

Ба гуфтаи муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов, дар доираи созишномаи баимзорасида миёни кишварҳо дар байни давлатҳо бояд 16 нуқтаи гузаргоҳҳо амал намоянд.

«Ман танҳо гуфта метавонам, ки ҷониби Ӯзбекистон аз 1-уми августи соли гузашта моро огоҳ карда буд, ки дар се гузаргоҳи гумрукӣ корҳои таъмири баргузор шуда истодаанд. Бо кадом сабаб дигар гузаргоҳҳо баста шудаанд, маълум нест», – гуфт Раҳматов.

Номбурда таъкид кард, ки созишномаи баимзорасида то ҳанӯз амал мекунад ва муқаррарот дар бораи фаъолияти гузаргоҳҳоро ҷонибҳо дубора баррасӣ накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд, гузаргоҳҳои гумрукӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозанд.

«Аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёти ҳарду кишвар бо риояи талаботи гумрукӣ бидуни мамониат равуо доранд», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...