ҶСК «Cангтӯда-1» ба додгоҳ шикоят бурд

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи«Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» қарзаш аз ширкати «Барқи тоҷик» барои истифодаи барқи нерӯгоҳро тавассути додгоҳ рӯёниданист. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи олии иқтисодии ҶТ Амирхоҷа Ғоибназаров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳамин ҳафта мақомоти роҳбарии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1»  ба додгоҳи мазкур дар ин хусус аризаи даъвогӣ пешниҳод кардааст. Маблағи даъвои […]

ASIA-Plus


Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи«Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» қарзаш аз ширкати «Барқи тоҷик» барои истифодаи барқи нерӯгоҳро тавассути додгоҳ рӯёниданист.

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи олии иқтисодии ҶТ Амирхоҷа Ғоибназаров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳамин ҳафта мақомоти роҳбарии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1»  ба додгоҳи мазкур дар ин хусус аризаи даъвогӣ пешниҳод кардааст. Маблағи даъвои талабшуда ба ширкати «Барқи тоҷик» 5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ин хабарро ба ОИ «Азия-Плюс» директори генералии ҶСК «НОБ Сангтӯда-1»  Геннадий Ругин низ тасдиқ кард, аммо аз шарҳи сабаби танҳо 5 млн. сомонӣ будани маблағи даъво худдорӣ варзид. Ин ҳам дар ҳолест, ки маблағи қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳ ба зиёда аз 200 млн. сомонӣ баробар аст.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.