Дабири кулли САҲА иштироки худ дар конфронси Душанбе оид ба Афғонистонро таъйид кард

Чанде қабл дар шаҳри Вена мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар назди ин созмон Абдул Муҳаммад Шугуфон бо Дабири кулли САҲА Ламберто Занниер барпо гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масоили […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Вена мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар назди ин созмон Абдул Муҳаммад Шугуфон бо Дабири кулли САҲА Ламберто Занниер барпо гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масоили ҷараёни омодагӣ ба баргузории Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, аз мавзӯи меҳварии муҳокимаронии ҷонибҳо маҳсуб меёфт.

 Намояндагони салоҳиятдори ҳарду кишвар аз номи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Афғонистон Залмай Расул ба Дабири кулли САҲА Л. Занниер ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими минтақавӣ даъватномаи расмӣ супориданд.

 Дар навбати худ, Дабири кулли САҲА Л. Занниер аз даъвати муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон барои ширкат дар конфронс изҳори миннатдорӣ намуда, бо дарназардошти аҳамияти чорабинии мазкур баҳри истиқрор ва рушди минбаъдаи иқтисодии Афғонистон иштироки шахсии худро дар ин ҳамоиш таъйид сохт. Ӯ мақом ва манзалати Тоҷикистонро ҳамчун узви фаъоли Созмон дар раванди таҳкими сулҳ ва субот дар Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки САҲА дар оянда низ барои тавсеаи ҳамкории судманд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия Н. Шамсов бо Мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноатӣ (ЮНИДО) Канде Юмкелла баргузор шуд.

 ар ҷараёни мулоқот ба К. Юмкелла даъватномаи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Афғонистон барои ширкат дар чорабинии зикргардида супорида шуд.

Ҷонибҳо бо ишора ба имконоти мавҷуда, роҳҳо ва усулҳои минбаъдаи расонидани кумаки фанниро ба Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи татбиқи лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои обӣ-барқии хурд ва миёна, инчунин такмили технологии истеҳсолот дар ширкати «ТАЛКО» ва ба роҳ мондани корхонаҳои хурди коркарди мева ва сабзавот дар ноҳияҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.