Имзои ду созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Олмон

Date:


Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории техникӣ ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ баргузор шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба санадҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон – Сафири Фавқулода ва Мухтори Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дорис Ҳертрампф имзо гузоштанд.

 Боиси зикр аст, ки созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории техникӣ маблағгузории лоиҳаҳо дар самти рушди устувори бахши хусусии иқтисод ва дастгирии раванди ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбиро дар назар дорад.

Дар навбати худ, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба Ҳукумати Тоҷикистон имконияти аз ҷониби Институти қарздиҳӣ доир ба барқарорсозии иқтисодиёт (KfW) ба даст овардани саҳмҳои молиявии бебозгаштро пешниҳод менамояд. Дар чаҳорчӯби ҳуҷҷати мазкур лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва рушди устувори иқтисод маблағгузорӣ хоҳанд шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related