Даъвати дабири кулли СҲИ ба конфронси Душанбе

Ба наздикӣ дар Ҷидда вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) профессор Акмалиддин Эҳсоноғлу доир гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон А. Юлдошев ба Дабири кулли СҲИ паёми даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон […]

ASIA-Plus


Ба наздикӣ дар Ҷидда вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) профессор Акмалиддин Эҳсоноғлу доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон А. Юлдошев ба Дабири кулли СҲИ паёми даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расулро барои иштирок дар Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, тақдим кард.

 Ҳамзамон, Сафири тоҷик ёдовар шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конфронс аҳамияти хоса медиҳад ва 27 январ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориши Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ оид ба рафти омодагӣ ба ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

 Дар навбати худ, Дабири кул А. Эҳсоноғлу изҳори сипос карда, афзуд, ки ӯ саъй хоҳад намуд, то дар кори Конфронс ширкат варзад.

 Ҳамчунин, вохӯрии Сафири Тоҷикистон А. Юлдошев бо Раиси Бонки рушди исломӣ Аҳмад Муҳаммад Алӣ барпо шуд.

 Дипломати тоҷик ба Раиси Бонк паёми даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расулро ҷиҳати ширкат дар Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) супурд.

 Аҳмад Муҳаммад Алӣ миннатдории хешро баён намуда, иброз дошт, ки кӯшиш хоҳад кард, то дар кори Конфронс дар раъси як ҳайати бонуфуз ширкат варзад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.