Кормандони КДАМ аъзои гурӯҳи фаромиллии қочоқбарро боздоштанд

Date:


Зимни як амалиёт дар ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аъзои гурӯҳи фаромиллии қочоқбарро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир сокинони ноҳияи Ванҷ, аъзои гурӯҳи қочоқбар  – Собир Ардабоев, бештар маъруф бо номи Шайх Собири Ванҷӣ ва ду маротиби маҳкумшуда Назриалӣ Ҷавҳаров боздошт шуданд.

«Аз боздоштшудагон беш аз 19 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуда, муайян карда шудааст, ки ин миқдор маводро Ардабоев аз шаҳрванди Афғонистон барои фурӯш дастрас кардааст», – гуфтанд дар кумита.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боз як амалиёти махсуси дигар дар қаламрави Кӯлоб се шаҳрванди ҷумҳурӣ дастгир шуда, ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон аз пинҳонгоҳҳои махсус 6 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва 2 кило афюн дарёфту мусодира шудааст. «Аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони КДАМ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 182 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...