Мусодираи ҳудуди 10 кило ҳашиш дар ноҳияи Рӯдакӣ


Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ фаъолияти як гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба қочоқи маводи нашъаоварро қатъ сохтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни амалиёти махсус дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аъзои як гурӯҳи ҷиноятпешаи иборат аз чор нафари синнусоли аз 28 то 46-сола боздошт шудаанд.

«Амалиёт муддати ду рӯз идома ёфта, аввал аз ду нафар аъзои гурӯҳ 4 килову 550 грамм ҳашиш ва рӯзи дигар аз ду нафари боқимонда, аз ҷумла саркардаи гурӯҳ боз 4 килову 520 грамм маводи мухаддири ҳашиш мусодира карда шуд», – гуфтанд дар ВКД,

Ҳамин тариқ, 4 нафар боздошт ва ҳудуди 10 кило маводи нашъаовар мусодира карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон кормандони вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 200 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное