Омӯзиши вазъи заминҳои обёришавандаи вилояти Суғд

Гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси Кумитаи масоили аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод бо сафари панҷрӯзаи корӣ ба вилояти Суғд рафтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар  дод, ба ҳайати гурӯҳ вакилон Маҳмадамин Ҳисориев, Абдузафар Иномов ва Мунаввара Кенҷаева шомил гардиданд. Дар ҷараёни сафар онҳо рафти […]

Аваз Юлдошев


Гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси Кумитаи масоили аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод бо сафари панҷрӯзаи корӣ ба вилояти Суғд рафтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар  дод, ба ҳайати гурӯҳ вакилон Маҳмадамин Ҳисориев, Абдузафар Иномов ва Мунаввара Кенҷаева шомил гардиданд. Дар ҷараёни сафар онҳо рафти иҷрои қарори ҳукумати ҶТ аз соли 2009 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба беҳбуди ҳолати мелиоративии заминҳо барои солҳои 2010-2015»-ро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

«Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш аввали моҳи апрел дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо иштироки мақомоти раҳбарии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии ҷумҳурӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи об ва ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда дар кишвар муҳокимаи парлумонӣ доир мегардад», – гуфт М.Султонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.