Тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид»

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 12 – уми март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» – ро муҳокима карданд. Тавре аз хадамоти […]

ASIA-Plus


Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 12 – уми март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» – ро муҳокима карданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мақсад аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур иҷрои банди 18 Нақшаи чорабиниҳо оид ба тақвият бахшидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо барои соли 2011, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 – уми феврали соли 2011 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Дар қонуни мазкур ба 9 моддаи он лоиҳаи тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст, ки ҷиҳати мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ва моликияти зеҳнии ҳуҷҷати Созмони умумиҷаҳонии савдо, яъне махфӣ нигоҳ доштани маълумоти зарурӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад.

Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрии ӯ бо геологҳои кишвар моҳи декабри соли гузашта садо дод, аз ин ба баъд Рӯзи геологҳо, ки қаблан ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи дуюми моҳи апрел таҷлил мегардид,  акнун рӯзи 9-уми декабр ҷашн гирифта мешавад

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи он воридгардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.