Баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» дар Шӯрои парлумон

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 19 март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» муҳокима гардид. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми   суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 19 март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» муҳокима гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми   суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ташкили баҳисобгирии инфиродии маълумотро оид ба шахсони дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурташуда муқаррар менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини нафақаҳои суғуртавӣ мутобиқи натиҷаҳои меҳнати ҳар як шахси суғурташуда, таъмини пуррагӣ ва дурустии маълумот дар бораи музди меҳнат ва дигар даромадҳо, собиқаи суғуртавӣ, ки андози нафақаи суғуртавиро дар мавриди таъини он муайян мекунанд, таъини нафақаҳои суғуртавӣ дар асоси собиқаи суғуртавии шахсони суғурташуда ва саҳми суғуртаи пардохтнамудаи онҳо, ҳавасмандгардонии шахсони суғурташуда барои пардохти саҳми суғурта, фароҳам овардани шароит барои назорати пардохти саҳми суғурта аз ҷониби шахсони суғурташуда ва содда кардани тартиби таъини нафақаи шахсони суғурташуда ва тезонидани расмиёти он барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» – ро муҳокима карданд.

Таъкид шуд, ки мақсади асосии пешниҳоди лоиҳаи ин қонун ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонидани меъёрҳои Қонуни мазкур ва такмил додани қонунгузорӣ дар самти пешниҳод ва баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон мебошад.

Масъалаҳои дигаре, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуданд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи шартҳои будубоши Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Аз рӯи масъалаҳои мазкур раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Хайриннисо Юсуфӣ, Маҳмадалӣ Ватанов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шӯро суханронӣ намуда, андешаҳои худро ҷиҳати такмили лоиҳаҳои қонунҳои мазкур изҳор доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.