Президент пешвои исмоилиёни ҷаҳонро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4-ро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба рӯзгори исмоилиёни Тоҷикистон ва ҳолати кунунию дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Созмони Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуд. Карим Оғохони 4 аз расман сабти ном шудани Маркази фарҳангии исмоилия дар […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба рӯзгори исмоилиёни Тоҷикистон ва ҳолати кунунию дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Созмони Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуд.

Карим Оғохони 4 аз расман сабти ном шудани Маркази фарҳангии исмоилия дар шаҳри Душанбе ба Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, ин амалро нишонаи возеҳи озодии дину эътиқод ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон маънидод кард.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳо ва муҳтавои ҳамкории бисёрсола, аз ҷумла доир ба ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, обрасонӣ, энергетика ва бунёди роҳу пулҳои мошингард, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон густариши бештари робитаҳои судбахшро зарур донистанд.

«Аксари лоиҳаҳои Тоҷикистон, ки бо ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Созмони Оғохон оид ба Рушд амалӣ шудаанд ва ё татбиқашон идома дорад, дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, аз ҷумла ба нафъи мардуми Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа низ хизмат мекунанд»,- таъкид гардид зимни суҳбат.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.