Эрон ба Тоҷикистон дар раҳоӣ аз буҳрон кӯмак мекунад

Эрон омода аст, ки ба Тоҷикистон баҳри раҳоӣ ёфтан аз буҳрони энергетикӣ кӯмак намояд, аммо Тоҷикистонро мебояд нахуст зербинои заруриро барои он омода созад. «Эрону Тоҷикистон кишвари дӯсту бародар ва дорои забону фарҳанги ягонаанд ва мо ҳамеша омодаем, ки дар лаҳзаи мушкил ба ёрии дӯстонамон бишитобем», – гуфтанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар сафорати Эрон дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Эрон омода аст, ки ба Тоҷикистон баҳри раҳоӣ ёфтан аз буҳрони энергетикӣ кӯмак намояд, аммо Тоҷикистонро мебояд нахуст зербинои заруриро барои он омода созад.

«Эрону Тоҷикистон кишвари дӯсту бародар ва дорои забону фарҳанги ягонаанд ва мо ҳамеша омодаем, ки дар лаҳзаи мушкил ба ёрии дӯстонамон бишитобем», – гуфтанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон.

Дар сафорат зикр карданд, ки барои пешниҳоди ин ё он кумак воситаи расонидани он зарур аст. «Айни замон интиқоли газу нафти Эрон ба Тоҷикистон ғайриимкон аст, зеро барои он лӯлаҳои интиқолӣ авҷуд нестанд», – таъкид доштанд дар намояндагии дипломатӣ ва илова намуданд, ки барои ноил гардидан ба ин имкон мутахассисони тоҷикро зарур аст, ки зерсохтори заруриро омода сохта, бо ҳамтоҳои эронии худ дар гуфтушунид бошанд.

Зимни вохӯрии чанде қабл доиргардидаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе ҷонибҳо масъалаи сохтмони лӯлаи интиқоли газ миёни кишварҳоро баррасӣ карданд.

«Ҷониби Эрон ҳатто изҳор кард, ки хароҷоти қисмате аз сохтмон дар қаламрави Тоҷикистонро ба уҳдаи худ мегирад, аммо барои амалӣ гардидани ин тарҳ чандин сол зарур аст. Ба Тоҷикистон бошад, захираҳои энергетикӣ маҳз имрӯз заруранд. Аз ин рӯ, рӯйи тарзу воситаҳои дигари ба Тоҷикистон расонидани нафту гази Эрон ба Тоҷикистон мебояд ҷиддӣ андешаронӣ кард. Дар ҳама гуна ҳолат, Эрон Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард», – иброз доштанд дар сафорат. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.