Э.Раҳмон ва И.Каримовро сари мизи гуфтушунид мехонанд

Шуъбаҳои аксари аҳзоби сиёсии расман дар вилояти Суғд фаъолиятдошта ба унвони сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳорот қабул карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки оид ба танзими муносибатҳои байнидавлатӣ сари мизи гуфтушунид бинишинанд. Ба изҳорот ба ҷуз шуъбаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, дигар аксари аҳзоби сиёсӣ имзо гузоштанд. Дар изҳорот аз қисман ба муҳосираи […]

Темур Варқӣ


Шуъбаҳои аксари аҳзоби сиёсии расман дар вилояти Суғд фаъолиятдошта ба унвони сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳорот қабул карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки оид ба танзими муносибатҳои байнидавлатӣ сари мизи гуфтушунид бинишинанд. Ба изҳорот ба ҷуз шуъбаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, дигар аксари аҳзоби сиёсӣ имзо гузоштанд.

Дар изҳорот аз қисман ба муҳосираи нақлиётӣ ва қатъи интиқоли газ даст задани кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ карда мешавад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ зикр мекунанд, ки аз буҳрони муносиботи байнидавлатӣ мардуми ҳарду кишвар осебу азият дида, сарони кишварҳоро мебояд баҳри манфиати мардум ба истиқболи ҳамдигар шитобанд ва муколамаро оғоз намоянд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Файзулло Файзиев аз он изҳори умедворӣ намуд, ки садои аҳзоби сиёсӣ аз ҷониби сарони кишварҳо ва ҷомеа дуруст қабул карда хоҳад шуд.

«Манфиатҳои ҷомеаву мардум бояд аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва дилмондагиҳои шахсӣ боло бошад. Ҳарду президент бояд ба истиқболи ҳамдигар бираванд. Яке аз қобилиятҳои махсуси шахсони бузург бахшандагии онҳост. Мо аз президентамон даъват мекунем, ки бо сафари расмӣ ба Тошканд рафта, тамоми нофаҳмиҳои ҷойдошта миёни давлатҳоро ҳаллу фасл созанд», – таъкид кард Файзиев.

Бино ба гуфтаи муалифони изҳорот, дар ин лаҳзаи ҳассос сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро мебояд хирадмандии сиёсӣ ва дурандешӣ зоҳир созанд.

Ҳамчунин дар изҳороти аҳзоби сиёсӣ аз намояндагиҳои СММ ва САҲА дар Тошканду Душанбе даъват мешавад, ки ба танзими муносибатҳо миёни кишварҳо мусоидат намоянд.

Муносибатҳо

миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

пас аз қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон ва хароб сохтани роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа аз ҷониби Ӯзбекистон ба сардӣ гаравиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.