Тағйироти кадрӣ дар мақомоти прокуратура ва ВКД

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои баланд дар мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мувофиқат бо Сарвари давлат ба вазифаи Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қулмаҳмад Арбобов таъин карда шуд. Араб Сидиқов Муовини аввали прокурори вилояти Суғд ва […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои баланд дар мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мувофиқат бо Сарвари давлат ба вазифаи Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қулмаҳмад Арбобов таъин карда шуд. Араб Сидиқов Муовини аввали прокурори вилояти Суғд ва Амонҷон Рафиев Муовини прокурори ҳамин вилоят таъин шуданд. Прокурорҳои ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Фархор, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардори хадамоти пешгирии ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Темурмалик ва командири яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ иваз карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба муборизаи шадид бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва марбут бо маводи мухаддир, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ҳидоят намуд. Бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону ноболиғон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Аз роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ талаб карда шуд, ки ба тарбияи хуби мутахассисони ҷавон, ҷобаҷогузории кадрҳо, арзу шикояти мардум ва таъмини волоияти қонун таваҷҷуҳи доимӣ дошта бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.