«Барқи тоҷик» қарзи «Сангтӯда-1»-ро пурра пардохт мекунад

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ният дорад, ки тамоми қарзҳои худро ба ҶСК «Сангтӯда-1» аз истифодаи барқ, аз ҷумла 5,1 млн. сомонии аз ҷониби суд таъиншударо пардохт намояд. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми апрели соли равон Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «Сангтӯда-1» дар бораи аз ШСХК «Барқи тоҷик» рӯёнидани маблағи қарз барои истифодаи […]

Виктория Наумова


Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ният дорад, ки тамоми қарзҳои худро ба ҶСК «Сангтӯда-1» аз истифодаи барқ, аз ҷумла 5,1 млн. сомонии аз ҷониби суд таъиншударо пардохт намояд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми апрели соли равон Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «Сангтӯда-1» дар бораи аз ШСХК «Барқи тоҷик» рӯёнидани маблағи қарз барои истифодаи барқи нерӯгоҳро қонеъ кард. Суд қарор кард, ки ширкати энергохолдингӣ бояд талаботи даъвогии ҶСК «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 5 млн. сомонӣ ва ҳамчунин хароҷоти судӣ ба маблағи 100 ҳазор сомониро пардохт намояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, онҳо ин қарзро эътироф намуда, кӯшиш бар харҷ медиҳанд, ки онро дар фурсатҳои наздиктарин ҳисоббаробарорӣ кунанд.

Бино ба маълумоти ширкат, маблағи умумии қарз дар назди нерӯгоҳ беш аз 250 млн. сомониро ташкил медиҳад. Зикр гардид, ки миёни ширкат ва нерӯгоҳ реҷаи пардохти давра ба давраи қарз таҳия шудааст.

Мувофиқи маълумоти дар сомонаи ҶСК «Сангтӯда-1» дарҷшуда, айни замон ҳаҷми маблағи қарзи ширкати энергохолдингӣ дар назди нерӯгоҳ ба зиёда аз 263 млн. сомонӣ (беш аз 55 млн. $) баробар аст.

Як манбаъ аз холдини энергетикӣ чунин изҳори умедворӣ кард, ки болоравии қимати истифодаи барқ аз 1-уми апрел воридоти маблағ ба суратҳисоби корхонаро афзун намуда, дар навбати худ ба пардохти қарзи нерӯгоҳ аз ҷониби ширкат шароит фароҳам меоварад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.