Сафари Шералӣ Мирзо ва Абдураҳим Қаҳҳоров ба Қазоқистон

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи навбатии 67-уми Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 26-уми апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид. Бино ба маълумоти расида аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, дар ҷаласа масоили ҳамкории сохторҳои марзбонии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла таъсиси нуқтаҳои абонентии низоми худкори […]

ASIA-Plus


Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи навбатии 67-уми Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 26-уми апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Бино ба маълумоти расида аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, дар ҷаласа масоили ҳамкории сохторҳои марзбонии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла таъсиси нуқтаҳои абонентии низоми худкори табодули маълумот ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар марзҳои давлатӣ матраҳ мегарданд.

Рӯзи дигар, 27-уми апрел, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад, ки дар он аз Тоҷикистонро намояндагӣ кардани котиби Шӯрои мнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров интизорӣ меравад.

«Масъалаи андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирии таҳдиду чолишҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, ки ба вазъ дар минтақаи масъули СААД таъсири назаррас мерасонанд, дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа қарор хоҳад гирифт», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти СААД.

Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.