Рӯзи ёдбуди иштирокчиёни рафъи садамаи Чернобил дар Суғд

Бо қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода санаи 26 апрел дар қаламрави вилоят Рӯзи ёдбуди иштирокчиёни рафъи садамаи Чернобил гузаронида мешавад. Дар қарори раиси вилоят гуфта мешавад, ин чорабинӣ бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни садамаи нерӯгоҳи барқии атомии  Чернобил (Белорус) созмон дода мешавад. Ба иттилои манбаъ, ҳайъати кумитаи тадорукоти […]

ASIA-Plus


Бо қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода санаи 26 апрел дар қаламрави вилоят Рӯзи ёдбуди иштирокчиёни рафъи садамаи Чернобил гузаронида мешавад.

Дар қарори раиси вилоят гуфта мешавад, ин чорабинӣ бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни садамаи нерӯгоҳи барқии атомии  Чернобил (Белорус) созмон дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайъати кумитаи тадорукоти Рӯзи ёдбуд таҳти раисии муовини якуми Раиси вилоят Сангинов Ҷ.Р. тасдиқ гардида, баргузор намудани вохӯриву сӯҳбатҳо  бо иштирокчиёни садама, шиносоӣ бо вазъи зиндагонӣ, мусоидат ба табобат ва ҳифзи саломатии онҳо, аёдати оилаҳои фавтидагон, таъмири оромгоҳҳои бартарафкунандагони садама дар нақша ҷой дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.