Тавофуқи кишварҳои Аврупо ва ОМ бобати муборизаи муштарак алайҳи гуруснагӣ

Date:


Дар Конфронси 37-уми байналмилалии Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна дар шаҳри Боку уҳдадориҳо оид ба ҳамкорӣ дар бахши дастгирии соҳаи кишоварзӣ якдилона тасдиқ шуда, перомуни муборизаи муштарак алайҳи гуруснагӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Зимни суханронӣ дар конфронс президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуруснагиро «яке аз мушкилоти мудҳиши асри 21» арзёбӣ карда, изҳор кард, ки баҳри мубориза бо он мебояд тамоми имконоти мавҷударо сафарбар намуд.

Мудири кулли Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) Гратсиану да Силва зикр кард, ки «ҷанг алайҳи гуруснагӣ муборизаест, ки дар он мо бояд ҳамроҳ набард намоем».

Бино ба маълумоти ФАО, дар конфронс масоили мушкилоти дастрасӣ ба ғизо ва рушди бахши кишоварзӣ дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасии ҳамаҷниба қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар кори конфронси мазкур беш аз 300 нафар вакилон аз 46 кишварҳои минтақа ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар конфронс вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов намояндагӣ кард. Дар ҳошияи кори конфронс вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо роҳбари ин ташкилот Гратсиану да Силва баргузор гардид.

Зимни сӯҳбат Қ. Қосимов мавқеи устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи татбиқи ботадриҷи ислоҳоти аграрӣ, ки бо принсипҳои ФАО ҳамоҳанганд, таъкид намуда, изҳор кард, ки Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор барои Рушд ва миёнаравии ФАО ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ тӯли се соли охир Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Тоҷикистонро таҳия намудааст, ки стратегияи рушди соҳаи кишоварзиро барои даҳсолаҳо муайян мекунад.

Дар навбати худ Грастсиану да Силва аз мавқеи пайгиронаи Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ислоҳоти аграрӣ пазироӣ намуда, ваъда дод, ки масъалаи мазкур дар Шӯрои олии ин ташкилот дар Рим, пойтахти Итолиё баррасӣ хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...