Дар гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳудуди 1,5 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ширкат хоҳанд варзид.
Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз дар боғи Ғалабаи пойтахт тамринҳои гузашти низомӣ оғоз гардида, рӯзи 9-уми май дар ин ҷо гузашти низомӣ доир мегардад.
«Ба гузашти низомӣ афсарону сарбозони воҳидҳои гарнизони Душанбе, Гвардияи миллӣ ва ҳамчунин донишчӯёни муассисаҳои таълимоти низомии кишвар ва нерӯҳои марзбонӣ сафарбар карда мешаванд», – гуфтанд дар Вазорати мудофиа.
Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.
Маъмулан ба гузашти низомӣ собиқадорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аҳли оилаи онҳо даъват карда мешаванд.


