Дар Кӯлоб аз 5608 нафар иштирокчиёни ҶБВ 67 нафар зиндаанд

Date:


Дар Кӯлоб иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашни 25-умин солгарди дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтани Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро таҷлил намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Асадулло Қурбонов хабар дод, чорабинӣ аз маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷасссамаи қурбониёни ҷанг ба хотири ёдбуд оғоз гардид.

Ба гуфтаи А.Қурбонов, дар майдонҳои набарди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар маҷмуъ 5608 нафар сокинони Кӯлоб иштирок карда, то ба имрӯз ҳамагӣ 67 нафари онҳо зиндаанд.

Номбурда гуфт, дар ҷанг кӯлобиён аз худ қаҳрамониву шуҷоати зиёд зоҳир сохтаанд. «Се нафар кӯлобиён ба унвони боифтихори Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардида, як нафар ба Ордени Шараф лоиқ дониста шудааст», – афзуд А.Қурбонов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...