Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 26-уми апрели соли равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ҷамоати деҳоти Ёл, деҳаи Порвор, ноҳияи Шӯрообод шаҳрванд Амрохон Халифаеви 45-сола дастгир карда шудааст.
«Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 8 килою 600 грамм маводи нашъадори навъи «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, акнун Амрохон Халифаев барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.


